Тақсимоти кӯмаки башардустона ба оилаҳои ниёзманди шаҳри Ҳисор

28 феврали соли 2026 бомақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат, дар доираи ҳамкориҳои башардӯстона байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, тақсимоти кӯмаки башардустона ба 100 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳри Ҳисор амалӣ гардид.

Кӯмаки мазкур барои ҳар як оила аз 50 кг орди гандумии навъи якум, 3 литр равғани растанӣ ва бастаи маводи хурокворӣ иборат аз 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг наск, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак, иборат мебошад.

Хариди тамоми маводҳои хӯрока аз ҷониби намояндагони Маркази имдод ва корҳои башардўстонаи Шоҳ Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амалӣ карда шуда, тақсимоти он тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни тақсимот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияити давлатии шаҳри Ҳисор ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки кумаки мазкур дар соли 2026 ба 7060 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, шаҳри Ҳисор, шаҳри Турсунзода, шаҳри Роғун, Кулоб, вилояти Суғд, Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Восеъ, Рӯдакӣ, Ёвон ва ҳамчунин тавассути Ташкилоти ҷамъиятии “Тақдир” ва Муассисаи давлатии “Марказхои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дармоҳи шарифи Рамазон амалӣ карда мешаванд.