БАРГУЗОРИИ ИҚДОМ ОИД БА ЗАРУРИЯТИ ГИРИФТАНИ ВАКСИНАҲО ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

14 марти соли 2026 дар боғи фарҳангии ноҳияи Варзоб иқдоми таблиғотӣ оид ба зарурияти гирифтани ваксинаҳо дар байни аҳолӣ бо ҷалби намояндагони сохтори тандурустӣ баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар доираи лоиҳаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ ташкил карда шуда, дар он муовини раиси ноҳияи Варзоб, намояндагони сохтори тандурустии ноҳияи Варзоб, омӯзгорон, талабагон, кормандони фарҳангу тандурустӣ ва аҳолии ҷамоати шаҳраки Варзоб фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба иштирокчиён, танзимгарони лоиҳа дар бораи ваксинаҳо ва зарурияти гирифтани онҳо маълумотҳои муфид дода шуданд.
Ҳамчунин дар интиҳои чорабинӣ викторинаи саволу ҷавоб гузаронида шуда, ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки чунин иқдоми таблиғотӣ оид ба зарурияти гирифтани ваксинаҳо дар 13 шаҳру ноҳияҳои фаргири лоиҳа дар рӯзҳои наздик ташкил карда мешаванд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 14 марти соли 2026