Баргузории ҷаласаи Конференсияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

17 июли соли 2025 дар толори Анри Дюнани Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Конференсияи марказии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.
Конференсияи марказии ҶҲАТ-ро Қурбониён Б., Котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшид.
Бо овоздиҳии аъзоёни Конференсияи марказӣ яке аз аъзоёни Конференсия Мардонов Афзалшоҳ, мувақаттан раиси Конференсияи марказӣ дар ин ҷаласа интихоб гардид.
Мардонов Афзалшоҳ мутобиқи рӯзнома кори ҷаласаро роҳбарӣ намуд.
Дар Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- Баррасии ҳисоботи ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти Ҷамъият дар нимсолаи аввали соли 2025;
- Баррасии ҳисоботҳои Котибони иҷроияи филиалҳои вилоятӣ ва минтақавии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2025;
- Баррасии масъалаи аз эътибор соқит намудани мавод ва таҷҳизотҳои фарсудашуда дар анбори марказӣ ва анборҳои филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- Дар бораи баромади Котиби генералии ҶҲАТ оид ба ҳисоботи нимсолаи аввал ва муайян намудани вазифаҳои ҶҲАТ барои нимсолаи дуюми соли 2025.
Вобаста ба мавзуъҳои рӯзнома шахсони мутасаддӣ баромад намуданд.
Зимни суханрониаш Қурбониён Б., Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бахусус қайд намуд, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Марказии ҶҲАТ ва сохторҳои зертобеи он корҳои назаррасе ба анҷом расиданд ва ҳамчунин якқатор кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуданд.
Ҳамаи масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби аъзоёни Конференсияи марказии ҶҲАТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 17 июли соли 2025