Мустаҳкамсозии дипломатияи башардӯстона дар Тоҷикистон

15–16 апрели соли 2026, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон семинари рушди иқтидор дар соҳаи дипломатияи башардӯстонаро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар семинар 30 нафар кормандони масъул ва волонтёрони ҶҲАТ иштирок карданд.

Иштирокчиён малакаҳои амалӣ дар самти ҷалби ҷонибҳои манфиатдор, таҳияи стратегияҳои адвокатсия ва амалҳои башардӯстонаи принсипиро, бо истифода аз намунаҳои воқеии таҷрибаи филиалҳои ҶҲАТ ва Салиби Сурхи Италия аз худ намуданд.

Семинар дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори институтсионалӣ барои омодагӣ ба вокуниши самаранок ба офатҳои табиӣ ва бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ», бо маблағгузории DGECHO ва дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва Салиби Сурхи Италия баргузор гардид.