Баргузории тренинг дар мавзуи «Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ» дар вилояти Хатлон

22-24 апрели соли 2026 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон тренинг дар мавзуи «Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ» барои кормандони ҶҲАТ баргузор гардид.
Чорабиниро роҳбари филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар ва мушовири ҳуқуқии Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и ҶҲАТ ва Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии Намояндагии КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Стратегияи нави рушди ҶҲАТ барои солҳои 2026-2030 ва якчанд мавзуъҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ бо пахши филмҳои соҳавӣ доир гардиданд. Ҳамчунин, дарҷ ёфтани тарғиби ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар Стратегияи нави рушди ҶҲАТ барои солҳои 2026-2030 махсусан қайд гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 15 нафар кормандони ҶҲАТ аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дониши худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ва дигар мавзуъҳои соҳавӣ васеъ намуданд.
Мақсади барпои чорабинии мазкур ин баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ва навовариҳо дар он буд.