Лагери тобистонаи омӯзишӣ барои волонтёрон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

14-18 июли соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон лагери тобистонаи омӯзишӣ барои волонтёрони Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Шаҳло Раҷабова, сардори шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Сафиаллоҳ Шарифзода, мутахассиси шуъбаи рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок варзиданд. 

Дар чорабинии мазкур иштирокчиён бо омӯзишҳои гуногун фаро гирифта шуда, ҳамчунин бо якдигар аз наздик шинос гардида, мубодилаи таҷриба намуданд. 

Волонтёрон неруи асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошанд. Инҳо одамони ғамхоранд, ки ба ранҷу азоби дигарон бепарво буда наметавонанд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 18 июли соли 2025