КӮМАКИ НАҚДИИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН БА ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯҲОИ РАШТ ВА ТОҶИКОБОД

16 то 18 июли соли равон дар доираи лоиҳаи "Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода" бо дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод, ки манзилҳояшон бар асари заминларза қисман ва пурра харобу валангор шуда буданд, кӯмаки нақдӣ дастрас карда шуд.
Тибқи тартиби муқарраргардида ба 262 оилаи зарардида дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкии “Ориёнбонк” дар маркази ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод кӯмаки нақдӣ пешниҳод карда шуд. Баҳрагирандагон метавонанд маблағи мазкурро барои мақсадҳои барқарорсозӣ ва қонеъ намудани ниёзҳои асосии худ истифода баранд.
Лоиҳаи "Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода" аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар маблағгузорӣ карда мешавад. Дар ҷараёни тақсимоти кӯмаки нақдӣ дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкии “Ориёнбонк” кормандон ва волонтёрони филиали ҶҲАТ дар минтақаи Рашт ва ноҳияи Тоҷикобод ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ иштирок намуданд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, оилаҳои зарардида аз деҳаҳои ҷамоати деҳоти Аскалон ва Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт (106 оила), Лангари Шоҳ ва Қалъи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод (156 оила) аз кӯмаки нақдии мазкур баҳравар гардиданд.
Қобили зикр аст, ки рӯйхати баҳрагирандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар натиҷаи хулосаи комиссияи давлатӣ муайян ва ба ҶҲАТ пешниҳод карда шудааст. Бо мақсади озоду шаффоф гузаштани раванди тақсимот дар рӯзи тақсимоти кӯмаки нақдӣ дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкии “Ориёнбонк” рақамҳои боварӣ ва сандуқҳои махсус барои пешниҳоду дархостҳо ва шикоятҳо гузошта шуд.
Тамоми раванди дастрас ва тақсим намудани кӯмаки нақдӣ дар асоси шартномаи пешакии ҶҲАТ бо ҶСК “Ориёнбонк” ва бо мувофиқати намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сурат гирифтааст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон минбаъд низ кўшиш менамояд, ки фаъолияти худро пайваста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша дар дастгирии табақаи ниёзмандон саҳмгузор бошад.