Баргузории мизи мудаввар бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд

18 сентябри соли 2025 дар шахри Хуҷанди вилояти Суғд мизи мудаввари муштараки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхб (КБСС) ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд ва котибони иҷроияи филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва муколама миёни КБСС/ҶҲАТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Чорабиниро Пйер-Эмманюэл Дюкруэ, Сардори намояндагии Кумитаи Байналмилаллии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадҷобир Раҷабзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Парвина Назирова, муовини котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшиданд.
Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби Шогуна Собир, масъули иртиботи намояндагии КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баромади мухтасар доир гардид.
Сипас, Раъно Камолова, танзимгари барномаҳои КБСС дар филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти филиал дар вилотяи Суғд баромад доир гардид.
Ҳамчунин Исмоилҷон Ёқубҷонов, намояндаи Намояндагии КБСС дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти КБСС дар вилояти Суғд баромад намуд.
Баъди баромадҳо иштирокчиён оид ба пешравию камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳодҳо баҳри рафъи ин камбудиҳо ба чор гурӯҳҳо тақсим карда шуданд.