Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» дар вилояти Суғд

19-20 сентябри соли 2025 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» баргузор гардид.
Семинарро Комилова Муҳаббатхон, сарвари филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Исмоилҷон Ёқубҷонов намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар вилояти Суғд ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ”-и ҶҲАТ ва Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии Намояндагии КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо оид ба якчанд мавзуъҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо пахши филмҳои соҳавӣ доир гардиданд.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 15 нафар методистон-мушовирони фанни ҳуқуқи Раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хӯҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва намояндагони раёсатҳои маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияву шаҳрҳо ва намояндаи филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуда, дониши худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ васеъ намуданд.
Мақсади барпои чорабинии мазкур ин баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ ва навовариҳо дар он буд.