Семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар Зафаробод

17-18 ноябри соли 2025 дар толори конфронсии Тарабхонаи "Роҳат"-и ноҳияи Зафаробод дар доираи барномаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ, семинари дурӯзаи омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар он фаъолон - намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, сардорону кормандони шӯъбаю бахшҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва васоити ахбори оммаи ноҳия иштирок намуданд.

Чорабиниро Котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд Аҳтамшо Раҳимов ифтитоҳ намуд.

Муовини Раиси ноҳияи Зафаробод Малоҳат Абдусаломзода оид ба омодагии роҳбарият ва ҳамаи сохтору шӯъбаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар амалисозии барнома ибрози андеша кард.

Баъдан тибқи Барномаи семинар ҳамоҳангсозонӣ барнома дар ноҳияи Зафаробод-Исломҷон Бобоев ва Усмонҷон Абдураҳмонов дар бораи барнома маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии барнома муҳим арзёбӣ намуданд.

Сипас тавассути слайдҳо презентатсияҳои қаблан омодашударо дар мавзӯъҳои "Эпидемия: Муқаддима ва тавсифи эпидемия. Бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд. Тадбирҳои мубориза бо эпидемия", "Аҳамияти иммунизатсия: фарогирӣ ва мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда (идорашаванда)", "Дудилагӣ дар ваксинатсия", "Иртибот барои хатарҳо ва ҷалби ҷомеа" ва "Ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ (Матритсаи канали коммуникатсионӣ)" намоиш дода, дар бобати муҳимияти дар амал татбиқ намудани барнома баромад карданд.

Ҳамин тавр, бо саволу ҷавоб дар байни иштирокдорон. Семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар доираи барнома ба итмом расид.

Фаъолон - сардорони ҳамаи шӯъбаю бахшҳо ва сохторҳои давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Зафаробод омодагии худро дар самти саривақт ва самаранок дар амал татбиқ намудани барнома изҳор намуданд.

Бояд гуфт, ки чунин Семинари омӯзишии дурӯза дар ҳамаи 13 шаҳру ноҳияи мақсадноки Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки Барномаи "Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон" бо дастгирии молиявии Ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ аз ҷониби кормандону волонтёрони ҶҲАТ дар 13 шаҳру ноҳияи мақсадноки Тоҷикистон дар амал татбиқ шуда истодааст.

Исломҷон Бобоев, ҳамоҳангсози барнома дар ноҳияи Зафаробод