Семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар ноҳияи Шаҳринав
17-18 ноябри соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав дар доираи барномаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ, семинари дурӯзаи омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, сардорону кормандони шӯъбаю бахшҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дар умум 50 нафар фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Тибқи Барномаи семинар ҳамоҳангсозони барнома дар ноҳияи Шаҳринав дар бораи барнома маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии барнома муҳим арзёбӣ намуданд.
Сипас тавассути слайдҳо презентатсияҳои қаблан омодашударо дар мавзӯъҳои "Эпидемия: Муқаддима ва тавсифи эпидемия. Бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд. Тадбирҳои мубориза бо эпидемия", "Аҳамияти иммунизатсия: фарогирӣ ва мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда (идорашаванда)", "Дудилагӣ дар ваксинатсия", "Иртибот барои хатарҳо ва ҷалби ҷомеа" ва "Ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ (Матритсаи канали коммуникатсионӣ)" намоиш дода, дар бобати муҳимияти дар амал татбиқ намудани барнома баромад карданд.
Ҳамин тавр, бо саволу ҷавоб дар байни иштирокдорон Семинари дурӯзаи омӯзишӣ дар доираи барнома ба итмом расид.











