Баргузории мизи мудаввар бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияхои минтақаи Бохтар

20 ноябри соли 2025 дар шахри Бохтар мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхои минтақаи Бохтар ва котибони иҷроияи филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.

Чорабиниро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтар ҳусни оғоз бахшиданд.

Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби Амнзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и ҶҲАТ оид ба Ҳараркати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти ҶҲАТ баромад доир гардид.

Сипас, Зулфия Нуралиева, ҳамоҳангсози барномаи “Хадамоти ҷустуҷӯ”-и ҶҲАТ оид ба ҳифзи робитаҳои оилавӣ суханронӣ намуд.

Баъди баромадҳо иштирокчиён ба 2 гурӯҳ тақсим шуда, оид ба пешравию камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳодҳо баҳри рафъи ин камбудиҳо баромад намуданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар кори он ҳамаи иштирокчиён бисёр фаъол буданд.