СЕМИНАРИ ДУРӮЗАИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Рӯзҳои 25-26 ноябри соли 2025 дар шаҳри Роғун дар доираи барномаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ Семинари дурӯзаи омӯзишӣ баргузор мегардад.
Дар он фаъолон - намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, сардорону кормандони шӯъбаю бахшҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намондагони тиб иштирок менамоянд.
Ҳамчунин роҳбари барнома низ дар ин чорабинӣ иштирок менамояд.
Чорабиниро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва Котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Роғун ифтитоҳ намуданд.
Баъдан тибқи Барномаи семинар ҳамоҳангсозони барнома дар шаҳри Роғун Ислом Нуруллоев ва Муродова Баҳриниссо дар бораи барнома маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии барнома муҳим арзёбӣ намуданд.
Сипас тавассути слайдҳо презентатсияҳои қаблан омодашударо дар мавзӯъҳои "Эпидемия: Муқаддима ва тавсифи эпидемия. Бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд. Тадбирҳои мубориза бо эпидемия", "Аҳамияти иммунизатсия: фарогирӣ ва мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда (идорашаванда)", "Дудилагӣ дар ваксинатсия", "Иртибот барои хатарҳо ва ҷалби ҷомеа" ва "Ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ (Матритсаи канали коммуникатсионӣ)" намоиш дода, дар бобати муҳимияти дар амал татбиқ намудани барнома баромад карданд.
Хотиррасон менамоем, ки чунин семинар имрӯзҳо дар ноҳияҳои Рашту Сангвор низ баргузор мегарданд.




