СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

25 ноябри соли 2025 дар толори беморхонаи и ноҳияи Файзобод дар доираи барномаи«Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бодастгириимолиявии ЮНИСЕФ Семинари дурӯзаи омӯзишӣ ба итмом расид.

Дар он фаъолон - намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, сардорону кормандони шӯъбаю бахшҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони кумитаи дини ин ноҳия иштирок намуданд.

Тибқи барномаи семинар ҳамоҳангсозони барнома дар ноҳияиЗафаробод дар бораи барнома маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии барнома муҳим арзёбӣ намуданд.

Сипас тавассути слайдҳо презентатсияҳои қаблан омодашударо дар мавзӯъҳои "Эпидемия: Муқаддима ва тавсифи эпидемия. Бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд. Тадбирҳои мубориза бо эпидемия", "Аҳамияти иммунизатсия: фарогирӣ ва мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда (идорашаванда)", "Дудилагӣ дар ваксинатсия", "Иртибот барои хатарҳо ва ҷалби ҷомеа" ва "Ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ (Матритсаи канали коммуникатсионӣ)" намоиш дода, дар бобати муҳимияти дар амал татбиқ намудани барнома баромад карданд.

Бояд гуфт, ки чунин Семинари омӯзишии дурӯза дар ҳамаи 13 шаҳру ноҳияҳои фарогири барнома ташкил ва гузаронида мешаванд.