СЕМИНАРИ ДУРӮЗАИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

25-26 ноябри соли 2025 дар ноҳияи Рашт дар доираи барномаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ Семинари дурӯзаи омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар он фаъолон - намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, сардорону кормандони шӯъбаю бахшҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намондагони тиб иштирок намуданд. 

Чорабиниро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва Котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ намуданд.

Ҳамчунин роҳбари барнома низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба муҳимияти ин чорабинӣ ба иштирокчиён маълумот дод.

Баъдан тибқи Барномаи семинар ҳамоҳангсозони барнома дар ноҳияи Рашт Амрулло Ҳабибуллоев ва Муҳаммадҷон Одинаев дар бораи барнома маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии барнома муҳим арзёбӣ намуданд.

Сипас тавассути слайдҳо презентатсияҳои қаблан омодашударо дар мавзӯъҳои "Эпидемия: Муқаддима ва тавсифи эпидемия. Бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд. Тадбирҳои мубориза бо эпидемия", "Аҳамияти иммунизатсия: фарогирӣ ва мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда (идорашаванда)", "Дудилагӣ дар ваксинатсия", "Иртибот барои хатарҳо ва ҷалби ҷомеа" ва "Ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ (Матритсаи канали коммуникатсионӣ)" намоиш дода, дар бобати муҳимияти дар амал татбиқ намудани барнома баромад карданд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин семинар имрӯзҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои фарогири барнома идома доранд.