СЕМИНАРИ ДУРӮЗАИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

26-27 ноябри соли 2025 дар ноҳияи Лахш дар доираи барномаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар 13 шаҳру ноҳияҳои фарогири барнома», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ Семинари дурӯзаи омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар он фаъолон - намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, сардорону кормандони шӯъбаю бахшҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони дин ва намондагони тиб иштирок намуданд.

Чорабиниро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ва Котиби иҷроияи Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Лахш ифтитоҳ намуданд.

Ҳамчунин роҳбари барнома низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба муҳимияти ин чорабинӣ ба иштирокчиён маълумот дод.

Баъдан тибқи Барномаи семинар ҳамоҳангсозони барнома дар ноҳияи Лахш дар бораи барнома маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии барнома муҳим арзёбӣ намуданд.

Сипас тавассути слайдҳо презентатсияҳои қаблан омодашударо дар мавзӯъҳои "Эпидемия: Муқаддима ва тавсифи эпидемия. Бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд. Тадбирҳои мубориза бо эпидемия", "Аҳамияти иммунизатсия: фарогирӣ ва мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда (идорашаванда)", "Дудилагӣ дар ваксинатсия", "Иртибот барои хатарҳо ва ҷалби ҷомеа" ва "Ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ (Матритсаи канали коммуникатсионӣ)" намоиш дода, дар бобати муҳимияти дар амал татбиқ намудани барнома баромад карданд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин семинар дар ин сана ҳамчунин дар ноҳияи Хуросон бо иштироки 50 нафар фаъолони ҷомеа баргузор гардид.