Эълон оид ба матни соддашуда дар бораи хизматрасониҳои зӯроварии гендерӣ
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон татбиқкунандаи лоиҳаи “Таҳкими иқтидори миллӣ дар пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ” буда, он дар доираи ҳамин лоиҳа бо мақсади афзоиши дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳамоҳангшуда ва ҳамгирошуда дар соҳаи пешгирии зӯроварии гендерӣ бо дарназардошти таваҷҷӯҳи шахсони дорои маъюбӣ барои интихоби шахси воқеъӣ, ё ҳуқуқӣ барои иҷрои вазифаи зерин эълон медиҳад:
1. Таҳияи матни соддашуда дар бораи хизматрасониҳои зӯроварии гендерӣ дар шаклҳои дастрас барои шахсони дорои намудҳои гуногуни маъюбӣ.
2. Баргардондани матни омодаи соддашуда дар бораи хизматрасониҳои зӯроварии гендерӣ дар шаклҳои дастрас барои шахсони дорои намудҳои гуногуни маъюбӣ ба алифбои/шрифти Брайл барои нобиноён.
Муҳлати ниҳоӣ: 10 декабри соли 2025, соати 17:00.
Шахсони ҳавасманд/манфиатдор ба нишонии зерин муроҷиат кунед.
Ш.Душанбе
Кӯчаи У.Хайём, 120, 734017
Тел: (+992 37) 224-03-74
Email: info@redcrescent.tj