Баргузории мизи мудаввар дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
23 декабри соли 2025 дар Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) мизи мудаввар оид ба таҷлили 60-умин солгарди қабули Принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва 98 солагии таъсисёбии ҶҲАТ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони қисматҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, аз қабили Федератсияи Байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС), Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), Ҷамҳияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро Баҳодур Қурбониён, котиби генералии ҶҲАТ, Севал Гузелкилинч, роҳбари намояндагии ФБСС дар Осиёи Миёна ва Муродҷон Солиев, ҳамоҳангсози минтақавии КБСС оид ба ҳамкорӣ ҳусни оғоз намуданд.
Баҳодур Қурбониён дар суханрониаш аз ҷумла қайд намуд, ки Принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба мо кӯмак менамоянд, то ин ки ӯҳдадориҳои худро дар доираи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ иҷро намоем ва онҳо кори моро дар шабакаи бузурги Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар роҳнамоӣ намуда, садоқати моро нисбат ба ниёзмандоне, ки ба онҳо мо хидмат менамоем, бори дигар тасдиқ менамоянд. Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои принсипҳои бунёдии Ҳаракат дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд ки ин ба риоя гардидани меъёрҳои байналмилали аз ҷониби Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки имсол 60-умин солгарди қабули Принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад. Бояд қайд намуд, ки 60 сол пеш, яъне соли 1965, Принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Венаи Австрия қабул карда шуда, тамоми фаъолияти кормандон ва волонтёрони моро роҳнамоӣ менамоянд. Онҳо бар асоси эътиқоди он асос ёфтаанд, ки амалиёти башардӯстона бояд аз сиёсат, марзҳо ва ҷудоихоҳӣ бартарӣ дошта, ба принсипҳои инсондӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ ва умумибашарӣ асос ёбанд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар он оид ба мавзуъҳои гуногуни соҳавӣ намояндагони ҶҲАТ, КБСС ва ФБСС баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.









