Баргузории ҷаласаи Анҷумани ғайринавбатии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
20 январи соли 2026 дар толори Дастгоҷи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаиАнҷумани ҶҲАТбо иштироки аъзоён ва кормандони ҶҲАТ баргузор гардид.
Қурбонов Саид Сафарович, президенти ҶҲАТ, раиси Анҷумани ҶҲАТ ҷаласаи Анҷумани ғайринавбатии ҶҲАТ-ро ҳусни оғоз бахшида, рӯзнома ва тартиби баргузории ҷаласаро ба иштирокчиён шинос намуд.
Дар ҷаласаи Анҷуманмутобиқи рӯзнома танҳо як масъала, қабули Стратегияи рушди ҶҲАТ барои солҳои 2026-2030 мавриди баррасӣ қарор гардид.
Қурбониён Баҳодур, котиби генералии ҶҲАТ оид ба лоиҳаи Стратегияи нави рушди ҶҲАТ барои солҳои 2026-2030 баромади муфассал намуда, вобаста ба зарурияти қабули он ба ҳозирин маълумот дод.
Баъди баррасии масъалаи мазкур Стратегияи нави рушди ҶҲАТ барои солҳои 2026-2030 аз ҷониби аъзоёни Анҷумани ҶҲАТ қабул гардид.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 20 январи соли 2026




