Баргузории ҷаласаи Конференсияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

20 январи соли 2025 дар толори Дастгоҷи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаиКонференсияи марказии ҶҲАТбо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.

Қурбонов Саид Сафарович, президенти ҶҲАТ ҷаласаи Конференсияи марказии ҶҲАТ-ро ҳусни оғоз бахшида, рӯзнома ва тартиби баргузории ҷаласаро ба иштирокчиён шинос намуд.

Дар ҷаласаи Конференсияи Марказии ҶҲАТмутобиқи рӯзнома масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:

- Баррасии ҳисоботи Котиби генералии ҶҲАТоид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТдар соли 2025;

- Баррасии Нақша-чорабиниҳоимоҳвораи ҶҲАТбарои соли 2026;

- Баррасии лоиҳаи қарор дар бораи «Сиёсати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2026-2030»;

- Баррасии «Нақшаи миллии эҳтиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, тибқи равишҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ»;

-Баррасии «Низомномаи стандартии кӯмаки нақдӣ ва ваучерии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»;

- Баррасии баромади Котиби генералии ҶҲАТ оид ба иҷрои қарори конференсияи марказӣ аз 23.01.2024 №7 «Оид ба баррасии зарурияти фаъолияти филиалҳои ҶҲАТ»;

- Баррасии лоиҳаи қарори Конференсияи марказӣ «Дар бораи тасдиқи нақшаи кории дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои соли 2026»;

- Баррасии лоиҳаи қарори Конференсияи марказӣ «Дар бораи тасдиқи буҷети Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тољикистон барои соли 2026»;

- Баррасии лоиҳаи қарори Конференсияи марказӣ «Дар бораи барномаи эҳсонкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои солҳои 2026 - 2028»;

- Баррасии «Дастурамали тартиби истифодаи варақаҳо ва маркаҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»;

- Баррасии масъалаи «Ворид намудани тағйирот ба қарори Раёсати кумитаи марказии ҶҲАТ аз 26 июли соли 2016, 41»;

- Баррасии масъалаи ба инобат гирифтани протоколи гурӯҳи кории дастгоҳи иҷроияи марказӣ оиди ба фурӯш баровардани воситаҳои нақлиёти хизматии корношоям ва таъмирталаби ҶҲАТ;

- Баррасии масъалаи аз эътибор соқит намудани молу маводи корношоям ва аз муҳлати истифодабарӣ гузаштаи ҶҲАТ;

- Баррасии масъалаи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба фурӯш гузоштани иншоотҳои иҷтимоӣ дар назди филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд.

Қурбониён Баҳодур Бобоҷон, котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2025 баромади муфассал намуда, вобаста ба пешравияю қазияҳои ҷойдошта дар фаъолияти Ҷамъият маълумот дод.

Сипас, мувофиқи рӯзномаи ҷаласа ҳамаи масъалаҳо дар Рӯзномаи ҷаласа гузошташуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба онҳо қарорҳои далдор аз ҷониби Конференсияи марказии ҶҲАТ қабул гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъият барои фаъолияти назаррас ба якқатор кормандони ҶҲАТ сипосномаҳо дода шуданд.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 20 январи соли 2026