БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ЯКРӮЗА ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ
Дар давоми чанд рӯзи охир дар якқатор шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) тренинги якрӯза ташкил карда шуданд.
Ин чорабинӣ асосан барои аъзоёни ботаҷрибаи ҷомеаи интихобшуда, яъне гурӯҳи оилаҳое, ки кӯдаконашон ваксина нагирифтаанд (20 нафар аз 5 вохуриҳои қаблан интихобгардида) дар шаҳру ноҳияҳои фарогири лоиҳа, аз ҷумла шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияҳои Лахш, Рашт, Файзобод, Варзоб Рӯдакӣ, Шаҳринав, Зафаробод, Панҷ ва Хуросон дар умум барои 260 нафар ташкил карда шуд.
Чунин тренинги якрӯза 29 январи соли 2026 дар ноҳияи Панҷ барои 20 нафар аъзоёни ботаҷрибаи ҷомеаи интихобшуда баргузор гардид, ки дар он ҳамчунин менеҷер ва ёвари лоиҳа аз Дастгоҳи иҷроияи марказии ҶҲАТ иштирок намуданд.
Дар раванди тренинг менеҷер ва ёвари лоиҳа дар бораи муҳимияти гирифтани ваксина ва ҳадафҳои лоиҳа суханронӣ намуданд.
Баъдан тибқи барномаи тренинг ҳамоҳангсозони лоиҳа дар ноҳияи Панҷ дар бораи лоиҳа маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии лоиҳа муҳим арзёбӣ намуданд.
Сипас оид ба муқаддима ва тавсифи эпидемия, бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд, тадбирҳои мубориза бо эпидемия, аҳамияти иммунизатсия, мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда, дудилагӣ дар ваксинатсия, ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ баромадҳои ҷолиб карда шуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ низ бисёр фаъол буданд.
Бояд қайд намуд, ки қабл аз баргузории ин тренинг дар 13 шаҳру ноҳияҳои фарогири лоиҳа бо аъзоёни ҷомеаҳои зери ҳадаф қарордошта, аз ҷониби 26 нафар ҳамоҳангсозони минтақавии лоиҳа 5 вохурӣ-мусоҳибаҳо бо аъзоёни ботаҷрибаи ҷомеа дар тарбияи кӯдакон, яъне гурӯҳи оилаҳое, ки кӯдаконашон ваксина нагирифтаанд (5 вохурӣ дар 13 шаҳру ноҳияҳои фарогири лоиҳа, дар ҳар як вохурӣ интихоби 4 нафари ботаҷриба, дар умум 20 нафар дар 5 вохурӣ) ва дар умум 65 вохуриҳо ташкил карда шуда, дар он 260 нафар аъзоёни ҷомеа интихоб гардида, ба ин тренинги якрӯза, ки аз 28 то 30 январи соли 2026 дар 13 шаҳру ноҳияҳои фарогири лоиҳа баргузор гардиданд, даъват карда шуданд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 30 январи соли 2026

















