БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ЯКРӮЗА ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Имрӯз дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Хуросон тренинги якрӯза ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзоёни ботаҷрибаи ҷомеаи интихобшуда, раиси маҳала, яъне гурӯҳи қаблан таъсис додашуда иборат аз оилаҳое, ки кӯдаконашон ваксина нагирифтаанд (20 нафар аз 5 вохуриҳои қалбан интихобгардида) аз деҳаҳои ноҳияи Хуросон иштирок намуданд.
Дар ин тренинг ҳамчунин менеҷер ва ёвари лоиҳа аз Дастгоҳи иҷроияи марказии ҶҲАТ иштирок намуданд.
Дар раванди тренинг менеҷери лоиҳа дар бораи муҳимияти гирифтани ваксина ва ҳадафҳои лоиҳа суханронӣ намуд.
Баъдан тибқи барномаи тренинг ҳамоҳангсозони лоиҳа дар ноҳияи Панҷ дар бораи лоиҳа маълумоти мухтасар пешниҳод карда, нақши сохторҳои давлатӣ ва фаъолони ҷомеаро дар амалисозии лоиҳа муҳим арзёбӣ намуданд.
Сипас оид ба муқаддима ва тавсифи эпидемия, бемориҳое, ки боиси эпидемия дар Тоҷикистон мешаванд, тадбирҳои мубориза бо эпидемия, аҳамияти иммунизатсия, мушкилот, бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда, дудилагӣ дар ваксинатсия, ҷалби ҷомеа ва масъулиятшиносӣ баромадҳои ҷолиб доир гардида, ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Нодир Аминзода, корманди ҶҲАТ дар бораи ҶҲАТ ба иштирокчиён баромад доир гардид.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 30 январи соли 2026





