БАРГУЗОРИИ ВОХУРИҲОИ 8 РӮЗА ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар давоми чанд рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохуриҳои 8 рӯза дар доираи лоиҳаи «Амалисозии тадбирҳои тағйироти иҷтимоӣ ва рафтор барои беҳтар кардани фарогирии ваксинатсия дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон», бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор мегарданд.

Ин вохуриҳо асосан бо кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои дастгирии волидони кӯдаконе, ки ваксина нагирифтаанд, ҷиҳати муайян намудани сабабҳои рад кардани ваксинаҳо ташкил карда мешаванд.

Дар баъзеи ин вохуриҳо ҳамоҳангсози лоиҳа ва дигар кормандони лоиҳа низ иштирок ва баромад намуданд.

Ин чорабинӣ дар шаҳру ноҳияҳои фарогири лоиҳа, аз ҷумла шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, Роғун ва ноҳияҳои Лахш, Рашт, Файзобод, Варзоб Рӯдакӣ, Шаҳринав, Зафаробод, Панҷ ва Хуросон дар умум барои 260 нафар ташкил карда мешаванд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 14 феврали соли 2026